МАРАФОНИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 12- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 10 то 27 июни соли ҷорӣ марафони варзиширо аз ноҳияи Мурғоб то шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Барои вахдат ва рушди Тоҷикистон» баргузор менамояд. Тибқи барномаи ин чорабинӣ аз 13 то 27 июн варзишгарон тӯли 14 рӯз аз ноҳияи Мурғоб марафонро оғоз намуда, тавассути шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Сарбанд, Вахш, Қурғонтеппа, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ, Душанбе, Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов то шаҳри Хуҷанд медаванд. Варзишгарон ҳамчун рамзи дӯстиву якдилӣ ва ваҳдату ягонагии тамоми ҷавонони Тоҷикистон нишон ва парчами давлатиро тибқи хатсайр аз Мурғоб ба Хуҷанд оварда, дар маросими таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон месупоранд. Тибқи барномаи тасдиқнамудаи роҳбари Дастгоҳи ӣчроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Клуби варзишии «Ағба»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» ҳамоҳангсози баргузории чорабинии мазкур таъин гардидаанд. Инчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаштани ин марафон вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф шудаанд, ки лавозимот ва хизматрасониҳои заруриро таъмин намоянд. Ёдовар мешавем, ки таҷлили ҷашни 12-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд доир мегардад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






