МАРКАЗИ БИОТИББИИ МУХАНДИСӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар толори меҳмонхонаи «Каён»- и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагии Донишгоҳи Шоҳигарии Ҳоспитал, Шоҳигарии донишкадаи (Стокголм, Шветсия) Мактаби олии технологии Лиссабон (Португалия) ва дигар мутахассисони дохилу хориҷ кофронси илмӣ — амалӣ доир гардид. Мақсад аз баргузории конфронси илмӣ — амалиро директори донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон профессор Аламхон Аҳмадов шарҳ дода гуфт, ки имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳое заруранд, ки тавассути андӯхтани донишҳои биотиббии муҳандисӣ техникаи муосирро дар табобати беморон бе роҳ додан ба хатоҳои илмӣ — техникӣ истифода бурда тавонанд. Имрӯз бо дастгирӣ ва кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои донор баҳри ташхису табобати беморон садҳо дастгоҳҳои беназир ба беморхонаҳо ворид карда шудааст. Бо ёрии техникаи нав омӯзиш дар масофа ба роҳ монда шуд. Мутахассисон, олимон, донишҷӯён дар филиалҳои Донишкада, ки дар Хуҷанду Қӯрғонтеппа ҷойгир шудаанд, бе сарф ва хароҷоти зиёдатӣ аз Марказ маълумотҳои заруриро дастрас карда метавонанд. Дигар ин ки тавассути омӯзиш дар масофа курсҳои такмили ихтисос на дар Душанбе, балки дар худи филиалҳои Донишкада (Қӯрғонтеппаю Хуҷанд) мегузаранд ва онҳоро олимону мутахассисон аз Марказ бо навигариҳо ошно менамоянд, онҳо баъди хатми курсҳо соҳиби сертификат ва литсезия мегарданд. Донишкада барои ҳамкорӣ ва омӯзиши техникаи муосир бо Донишкадаи шоҳигарии Ҳоспитали Стокголм — Шветсия ҳамкориро ба роҳ монд ва Маркази биотиббиро таъсис дод. Ҳоло аз ин донишкада ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ техникаи муосир ворид карда шуда, мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиббии ҷумҳурӣ аз тарафи ихтисосмандони Ҳоспитали Шоҳигарии Стокголм бозомӯзӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






