МАРКАЗИ НАВИ ИСТИРОҲАТИИ ҶАВОНОНИ ИДМ

Июнь 2, 2009 17:22

                Минск, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 1 июн дар заминаи истироҳатгоҳи миллии тобистонаи бачагонаи «Зубрёнок»-и Ҷумҳурии Белорусия Маркази байналмилалии истироҳатии ҷавонони ИДМ кушода шуд. Маркази мазкур «Дӯстӣ бидуни сарҳад» ном дорад. Ҷавонони мамлакатҳои ИДМ бо навбат дар ин ҷо ду ҳафта истироҳат карда, бо ҳамдигар аз наздик шинос мегарданд. Котиби матбуоти Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Александр Калугин зикр намуд, ки дар ин ҷо ҳар ҳафта мулоқоту сӯҳбатҳо, ҷамъомадҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва викторинаю озмунҳо гузаронида мешаванд. Ҳар рӯзи истироҳат дар ин ҷо ба яке аз мамлакатҳои Иттиҳод бахшида хоҳад шуд.                 Дар ташкили марказ Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия ва Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Сарпарастии онро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорусия, Бунёди байналхалқии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ба зимма гирифтаанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки қарори кушодани марказ дар ҷараёни мулоқоти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Остона қабул шуда буд.

Июнь 2, 2009 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад