МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

Июнь 2, 2009 14:43

                           Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дирӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷет ва истеҳсолоти давлатӣ дар панҷ моҳи аввали соли равон машварати корӣ доир гардид.                           Дар машварат ҳисоботи шахсони масъул оид ба нақшаи иҷроиши буҷети давлатӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд.                           Таъқид гардид, ки дар ин давра суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 102,9 фоиз расида бошад ҳам, дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаи саноат афзоиш ба 87,5 фоиз баробар шудааст, ки нисбат ба нақша кам мебошад. Дар мавриди иҷроиши буҷет бошад 23 шаҳру ноҳияи мамлакат нишондоди онро таъмин накардаанд.                          Оқил Оқилов масъулини соҳаро муваззаф гардонид, ки то ҷамъбасти шашмоҳа нишондиҳандаҳоро афзун гардонида, бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъқид гардидаанд ва таъмини амалисозии барномаҳои зиддибӯҳронӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.

Июнь 2, 2009 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид