МАШВАРАТИ ПРЕЗИДЕНТ БО ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Июнь 10, 2009 16:49

                     Қӯрғонтеппа, 10 июн. (АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон, ки барои боздиди корӣ ба вилояти Хатлон рафта буд, имрӯз бо фаъолони вилоят машварат орост. Машварат ба натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа бахшида шуд.                      Сарвари давлат диққати ҳозирон ва шахсони масъулро ба иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда роҷеъ ба бартараф сохтани оқибати фалокати табиӣ дар ноҳияи Хуросон ҷалб намуд. Э. Раҳмон талаб намуд, ки вазифаҳои бамиёнгузошташуда сари вақт иҷро намуда, сокинони бар асари фалокат бесарпаноҳмонда дар мӯҳлати муқарраршуда бо манзил таъмин карда шаванд.                      Президенти ҷумҳурӣ супориш дод, ки лоиҳаи сохтмони мактаб барои 624 талаба тайёр карда шавад. Дар ин мактаб дар ду навбат бештар аз 1200 талаба таҳсил хоҳад кард. Тибқи супориши сардори давлат, сохтмони мактаби мазкур бояд соли 2010 анҷом дода шавад.                     Инчунин дастур дода шуд, ки барои сокинони ҷамоати Айнӣ муоинагоҳи тиббӣ сохта, фарзандони шахсони зарардида ба истироҳатгоҳҳои тобистона ва берунишаҳрӣ фиристода шаванд.                     Президенти ҷумҳурӣ фаъолияти муассисаҳои андози шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро танқид намуд, ки нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро карда натавонистаанд. Супориш дода шуд, ки маҳорати касбии кормандони муассисаҳои андози вилоят санҷида, ба фаъолияти онҳо баҳо дода шавад.                     Сарвари давлат аз вазъи соҳаи саноати минтақа изҳори ташвиши ҷиддӣ намуд, вай ба роҳбарияти вилояти Хатлон дастур дод, ки камбудиҳои рушди соҳаи саноат дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шаванд. Таъкид карда шуд, ки корхонаҳои саноатии қаблан хусусигардондашудаи то ҳол бекорхобида дар муддати кӯтоҳ ба кор дароварда шаванд.Эмомалӣ Раҳмон баъдан вазъияти соҳаи кишоварзии вилояти Хатлонро ҳамаҷониба таҳлил карда, тавсия дод, ки масоҳати боғҳои дарахтони мевадор васеъ карда шавад. Бо ин мақсад ҳамроҳи кормандони муассисаҳои илмӣ тадбирҳои судбахш андешидан лозим аст. Дастур дода шуд, ки масоҳати боғҳо ва токзорҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 5 соли оянда то ҳазор гектар зиёд карда шавад.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни машварати Президенти ҷумҳурӣ бо фаъолони вилояти Хатлон масъалаҳои беҳтар намудани обёрии киштзор, пешрафти соҳаи энергетика, соҳаҳои чорводорию мурғпарварӣ, ободонии шаҳру деҳот, ҷалби сармоя ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Июнь 10, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!