МАВОДҲОИ ҚОЧОҚӢ МУСОДИРА КАРДА ШУДАНД

Июнь 16, 2009 11:37

                 Қӯрғонтеппа, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон якчанд ҳолатҳои ғайрирасмӣ ворид кардани адабиёт ва фитаҳо ба Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Тавре корманди дафтари матбуоти раёсати мазкур Олимхон Шарипов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар минтақаи гузаргоҳи гумрукии «Панҷи Поён» аз шаҳрванди Афғонистон Ганҷ Алӣ Амир Алӣ 48 фитаҳои сабти овоз дошта, ки 22 адади онҳо кортҳои худро барои кушодан доштанд мусодира карда шуд.                Ҳамзамон истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон Сайфулло Ҳомидов мехост 610 адад китобҳои динии хурду калон, 10 диски дорои сабти динидошта ба Тоҷикистон ворид кунад.«Барои ворид кардани маводҳои мусодирашуда иҷозатномаи вазорати фарҳанги кишвар лозим буд, ва дар ҳолатҳои ҷойдошта чунин талаботҳо иҷро нашуда буданд» -қайд кард О .Шарипов.   

Июнь 16, 2009 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад