МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ БАЧАГОН БОЯД БАРҲАМ ДОДА ШАВАД

Июнь 11, 2009 09:51

                     Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Иттиҳодияи хоҷагиҳои фермерии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12 июн дар Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза ба муқобили меҳнати вазнини бачагон бо кӯмаки Созмони байналхалқии меҳнат ва барномаи Байналмилалии барҳам додани меҳнати вазнини бачагон маҷмӯи тадбирҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла пагоҳ дар ин маърака аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 500 писару духтари хурдсол иштирок хоҳад кард. Ба бачагон ва падару модарони онҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи бачагон, нақши муҳими таълиму тарбия ва ташаккули шахсии онҳо маълумот дода мешавад. Дар назди бачагон ҳунарпешагони театрҳои вилоят ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Инчунин бахшида ба ин мавзӯъ озмуни расмҳои бачагона гузаронида мешавад.                   Дар пойтахти ҷумҳурӣ маъракаи мазкурро радиостансияи «Ватан» дастгирӣ менамояд. Дар ин ҷо ба ин муносибат марафони 16-соатаи радиоӣ гузаронида хоҳад шуд.                   Мутахассиси намояндагии Созмони байналхалқии меҳнат дар Тоҷикистон Муҳайё Хосабекова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бачагон дар ВМКБ бештар барои иҷрои корҳои вазнин истифода бурда мешаванд. Ҳадафи ин маърака барҳам додани меҳнати бачагон ва ба таҳсил бештар ҷалб намудани духтарон мебошад. Дар ҷараёни он инчунин барои расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоати серфарзанд, рафъи оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ғайра тадбирҳо андешида мешаванд. Баъди чошти пагоҳ дар Хоруғ дар мавзӯи меҳнати бачагона бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ҳукумативу ғайриҳукуматӣ, кумитаҳои занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм машварат гузаронида хоҳад шуд, гуфт дар хотима М. Хосабекова.

Июнь 11, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст