МИҚДОРИ ЗИЁДИ НИҲОЛҲОИ БАНГИ ҲИНДӢ

Июнь 11, 2009 14:30

                   Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Хизматчиёни ҳарбии Раёсати умумии артиши сарҳадии вилояти Суғд дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» дар давоми 10 рӯзи охир дар қаламрави вилоят бо мақсади ошкор сохтану нобуд кардани киштзори зироатҳои нашъадор амалиёти махсус гузарониданд. Дар натиҷа дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи Ёрматови деҳаи Равоти ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Маъдани ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, дар ҳудуди посгоҳи сарҳадии «Ҳаштяк»-и дастаи марзбонони Истаравшан, дар ҳудуди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Андарсҳои деҳаи Янгиободи ноҳияи Спитамен ва кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ»-и ноҳияи Исфара 330 ҳазор бех ниҳоли банги ҳиндӣ ошкор сохта ва нобуд карда шуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи ин воқеаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд ва тафтиши онҳо давом дорад.  

Июнь 11, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид