МУҲОКИМАИ НАКШАҲОИ ҲАМКОРИИ ҲАРБИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Июнь 3, 2009 10:49

                    Маскав, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Имрӯз дар Маскав маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи мамлкатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил кушода мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи ва котиби иҷроияи ИДМ С. Лебедев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Ҳалима Хушқадамова зикр намуд, ки ин маҷлиси 56-уми Шӯрои вазирони мудофиаи мамлакатҳои ИДМ мебошад. Вай таъкид кард, ки ҳамкории ҳамаҷонибаю доманадори низомии мамлакатҳои Иттиҳод яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини мустаҳкам намудани амният ва тақвияти мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ба шумор меравад.                    Дар маҷлис муҳокимаи бештар аз 20 масъала пешбинӣ карда мешавад. Иштирокчиёни он пеш аз ҳама муносибати умумии худро ба равнақу ривоҷи ҳамкории низомӣ дар давраи то соли 2015 муайян карда, нақшаи гузаронидани тадбирҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи ИДМ-ро дар соли 2010 тасдиқ менамоянд. Инчунин мӯҳлати гузаронидани тадбирҳои даври дуюми бунёди системаи муттаҳидаи алоқа, ҷараёни иҷрои нақшаи бунёди системаи ягонаи иттилоотии соҳаи ҳарбӣ, низомнома дар бораи таъминоти иттилоотии хадамоти метрологӣ ва қарор дар бораи таъминоти илмии таҳқиқоти масъалаҳо ва проблемаҳои ҳарбӣ, истифодаи заминаи техникию меъёрӣ ва методии системаи муштаракаи таъминоти метрологӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.                   Дар маҷлис ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳои низомӣ диққати махсус дода хоҳад шуд. Мо масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомиро барои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои ИДМ муҳокима хоҳем кард, гуфт дар хотима С. Лебедев.

Июнь 3, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд