МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ АНҶОМ ЁФТ

Июнь 1, 2009 11:23

                         Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).-Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.                         Зимни мулоқот масъалаҳои рушди иқтисодиёт, проблемаҳои экология, истифодаи захираҳои об, таъмини амнияти минтақа, мубориза ба муқобили хариду фурӯши айриқонунии маводи нашъадор, тақвияти муҳофизати сарҳадҳо ва ғайра муҳокима шуданд.Иштирокчиёни мулоқот инчунин, ҷараёни иҷрои барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупоро дар Осиёи Марказӣ, ҳуҷҷати таҳриршударо дар бораи афзалиятҳои миллӣ ва нақшаи тадбирҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказиро дар мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор, вазъияти Афғонистон, Покистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ба ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Чехия Ян Когоут, вазири корҳои хориҷии Шветсия Карл Илдт ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пер Морел шомил буданд.

Июнь 1, 2009 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст