МУЛОҚОТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА

Июнь 3, 2009 15:54

                 Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 2 июн бо комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ Кнут Воллебек мулоқот кард.                 Ҳамрохон Зарифӣ зимни мулоқот изҳор намуд, ки қонуни амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллатҳои хурд озодии интихоби забони мубошират, таҳсил, ба даст воардани иттилоот ба забони модарӣ ва озодии имонро кафолат додааст. Қайд карда шуд, ки мақоми ҳуқуқии миллатҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи ҷумҳурӣ, қонунҳои дигари амалкунандаи дохилӣ, инчунин муоҳидаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ муайян менамоянд.                  Комиссари олии САҲА изҳор намуд, ки ҳамкории самарабахш бо Тоҷикистон роҷеъ ба самтҳои гуногуни фаъолияти созмон давом дода хоҳад шуд. Вай зикр намуд, ки САҲА ба Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаи нави қонун ҳамаҷониба кӯмак мерасонад.                  Мусоҳибон нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистонро бо қароргоҳи Комиссари олии САҲА дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Июнь 3, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид