МУЛОҚОТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО САФИРИ НИДЕРЛАНДИЯ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо сафири кабири шоҳигарии Нидерландия дар Тоҷикистон Клаас Ван Дер Темпел бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар мамлакати мо мулоқот кард. Зимни сӯҳбат вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, баъзе масъалаҳои байналхалқиву минтақавӣ, вазъияти Афғонистон ва Покистон муҳокима шуданд. Мусоҳибон дар бораи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Нидерландия сухан ронда, қайд карданд, ки содир намудани алюминий аз Тоҷикистон ба ин мамлакат ҷузъи муҳими ҳамкории онҳоро ташкил медиҳад. Зикр карда шуд, ки Нидерландия дар Тоҷикистон барномаҳои гуногунро амалӣ месозад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки вобаста ба мавҷудияти проблемаҳои обу энергетика мутахассисони Нидерландия дар ташхиси мустақилона ва омода сохтани ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии иншоотҳои гиндроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






