МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО РАИСИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ САҲА
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 11 июн дар Душанбе бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Жоао Соареш мулоқот кард. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҳадафи сафари ҳайати парлумонии САҲА ба Тоҷикистон равнақу ривоҷи ҳамкории дуҷониба мебошад. Ҳ. Зарифӣ аз ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии САҲА изҳори қаноатмандӣ карда, хабар дод, ки моҳи феврали соли равон 15 солагии фаъолияти созмон дар Тоҷикистон таҷлил карда ва моҳи май дар Душанбе Коллеҷи олии қумондонии марзбонони САҲА кушода шуд. Ҳадафи таъсиси коллеҷ мубодилаи таҷриба ва маълумот дар байни мақомоти марзбони минтақа, тақвияти мубориза ба муқобил терроризм, қочоқи нашъа ва аслиҳа, инчунин хариду фурӯши одамон мебошад. Ж. Соареш изҳори умед намуд, ки намояндагони САҲА моҳи феврали соли 2010 дар интихоботи парлумони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






