МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КНУТТ ВОЛЛЕБЕК
02-юми июни соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба риояи ҳуқуқу манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар Тоҷикистон дар баробари миллати таҳҷоӣ — тоҷикон, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, намояндагони қариб 120 миллату халқият зиндагӣ доранд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки меъёрҳои баробарҳуқуқии ақаллиятҳои миллӣ дар ҷомеа пурра риоя карда мешаванд ва ба маҳдудкунӣ аз рўи мансубият ба миллату нажод роҳ дода намешавад. Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи пурсиши иҷтимоии Маркази иттилоотию аналитикии «Ҷамъият дар пешрафт» оид ба ин мавзўъ ёдоварӣ карда шуд, ки мутобиқи он 81,6 дар сади мусоҳибон муносибатҳои миёни тоҷикон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистонро дўстона номидаанд. Кнутт Воллебек изҳор дошт, ки Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ омодааст ба намояндагони миллатҳои камшумори Тоҷикистон баҳри дастрасии бештарашон ба таҳсилот бо забони модарӣ ва ҳамчунин барои хубтар омўхтани забони давлатӣ кўмак расонад. Ба гуфти Кнутт Воллебек, Комиссарати Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамчунин вазъи риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои намояндагони миллати тоҷикро дар дигар кишварҳо мавриди омўзиш қарор додааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






