МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

Июнь 15, 2009 09:45

                  Маскав, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафараш ба Маскав ва иштирокаш дар маҷлиси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 14 июн бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот кард. Вазирон вазъи имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳар ду кишвар ва баъзе масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, роҷеъ ба амалӣ сохтани паймонҳои дар натиҷаи сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар моҳи феврали соли равон ба даст омада табодули назар карданд.     Инчунин ба масъалаи омода сохтани сафари кории Президенти Русия Д. Медведев ба Тоҷикистон дахл карда шуд.                                                                                                                    Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 15, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид