МУЛОҚОТИ ЗАРИФ АЛИЗОДА БО ХАБАРНИГОРОН
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дирӯз барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Вай изҳор намуд, ки самти асосии фаъолияти сохтори ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳимояи ҳуқуқи бачагон, оила, коргарони муҳоҷир, таъмини ҳуқуқи баробари марду зан, инчунин ҳуқуқи маҳбусон дар ҳабсхонаҳо мебошад. З. Ализода зикр намуд, ки айни ҳол ташкили сохтори идории ваколатдори ҳуқуқи инсон давом дорад. Шумораи кормандони он тақрибан 20 нафарро ташкил хоҳад дод.Мо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони ҷамъиятиро дар асоси озмун ба кор қабул мекунем. Сипас вазъи эҳтироми ҳуқуқи инсон дар мамлакат санҷида ва таҳлил карда мешавад. Муассисаи мо барои иҷрои фаъолияташ бо созмонҳои байналхалқӣ, ғайриҳукуматӣ ва ғайра ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард, гуфт вай. Қайд карда шуд, ки дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҷамоатҳо шӯъбаҳои қабули мизоҷон кушода мешавад. Дар ин ҷойҳо аризаю шикоятҳои сокинони маҳаллӣ қабул карда мешаванд. З. Ализода афзуд, ки созмони ҳифзи ҳуқуқи инсон бо воситаҳои ахбори оммавӣ ва журналистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Зариф Ализода бо фармони Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 27 май ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






