МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНД БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 9 июн, таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, парванда аз рӯи муроҷиати шаҳрванд Любов Санокина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзид. Инчунин дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, намояндаи Президенти кишвар дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мӯҳлати як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва ба он мутобиқ аст. Мӯҳлати яксолаи шикояти назоратӣ ба марҳилаи назоратӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






