МУСОДИРАИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА СИЛОҲ
Хоруғ, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Шаби 26 июни соли ҷорӣ гурӯҳи милитсионерони ноҳияи Ванҷ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ аз тарафи деҳаи Язғулом ба сӯи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ҳаракат карда, дар мавзеи Хохаки ноҳия дар бари рӯдхонаи Панҷ чанд нафарро мебинанд ва мошинро боз медоранд. Шахсони номаълум ба самти поёноби рӯдхонаи Панҷ мегурезанд. Милитсионерон аз автомати Калашников бо оташи огоҳкунанда одамонро ба истодан амр мекунанд, аммо бо сабаби торикии шаб ва сангистон будани роҳ боздошти онҳо муяссар намешавад. Субҳи 27 июн аз ҷойи воқеа 12 килограмм героин, 3 кг 155 гр хашиш, 730 гр афюн, 2 кг 700 гр банг, 1 адад автомати Калашников бо ду тирдону 30 адад тир ва 1 адад норинҷаки дастӣ ёфт гардид. Ҷиҳати дарёфт ва дастгир намудани ин афрод ҷустуҷӯ идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






