Н. САЛИМОВ ЗАРАРДИДАГОНИ ХУРОСОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн 30 нафар кӯдакон аз оилаҳои зарардидаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи бемориҳои тарбоди «Ҳушёрӣ», воқеъ дар ноҳияи Варзоб барои табобат оварда шуданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 30 нафар кӯдакони ин ноҳия барои табобат оварда мешаванд. Барои табобат ва барқарорсозии саломатии ин кӯдакон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






