НАҚШАИ АНДОЗҲОИ ИҶТИМОӢ ИҶРО НАГАРДИД
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Талаби нафақа ва кӯмакпулиҳое, ки ба воситаи муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохта мешаванд дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ 69901,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз ҷониби мақомоти Агентиии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар ҳаҷми 68258,3 ҳазор сомонӣ маблағ ба ин самт равона карда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳиссаи ба ӯҳдагирифтаашонро пурра маблағгузорӣ гардидааст. Маблағи напардохтаи нафақа дар ҳаҷми 1643,5 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ба ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Бохтар, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон рост меояд. Сабаби саривақт маблағгузорӣ нашудани нафақа, иҷро нагардидани нақшаи андозҳои иҷтимоӣ дар ноҳияҳои дар боло зикршуда мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






