НАҚШИ ПАРЛУМОНИ САҲА ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРРАС АСТ
Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо парлумони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Ассамблеяи Парлумонии САҲА Жао Соареш дар Душанбе баррасӣ шуданд. М. Убайдуллоев нақши САҲА-ро дар густариши равандҳои демократикунонӣ, плюрализми сиёсӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ намуд. Вай гуфт, ки ҳамкории тарафҳо дар доираи татбиқи сиёсати Роҳбарияти Олии мамлакат дар самти иқтисодиёт, муҳити зист, захираҳои табиӣ, масъалаҳои гендерӣ, дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар сатҳи назаррас қарор дошта, ташрифи Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА ба Тоҷикистон ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва САҲА нақши муҳим мегузорад. М. Убайдуллоев афзуд, ки дар марҳилаи феълии робитаҳо тақвияти ҳамкориҳо дар самти таҷдиду муҷаҳҳазсозии техникии назорат ва ҳифзи сарҳадот, поксозии марз аз минаҳо, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби инвеститсияҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии САҲА барои татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба пешбурди соҳаҳои гуногун, андешидани тадбирҳо ҷиҳати назорат ва боздошти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мувофиқи мақсад аст. Ҷонибҳо таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардани Коллеҷи садорати олии сарҳадии САҲА — ро дар Душанбе самараи неки ҳамкориҳо маънидод карданд. Ин тадбир бешубҳа имкон хоҳад дод, ки таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар иҷрои вазифаҳои касбӣ афзуда, ҷиҳати таъмини суботи марз ва минтақа нақши муассир гузоранд. Дар ин радиф афзудани маблағузориҳо дар татбиқи барномаи муштараки муҷаҳҳазсозии техникии назорат ва ҳифзи сарҳад ва поксозии он аз мина аз манфиат холӣ нахоҳад буд. М. Убайдуллоев ба масъалаҳои минтақавӣ дахл намуда, гуфт, ки иштироки фаъоли парлумони Афғонистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи Парлумонии САҲА барои расидан ба суботи деринтизор дар ин кишвар иқдоми саривақтӣ аст. Жао Соареш афзуд, ки пешниҳодҳои ироа шуда, аз ҷониби Ассамблеяи Парлумонии САҲА баррасӣ гашта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои созанда тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






