НАМОИШИ ФИЛМҲОИ ДАВРАИ ШӮРАВӢ БАРОИ БАЧАГОН
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳафтаи намоиши филмҳои давраи шӯравӣ барои бачагон дар маркази фарҳангии «Кохи Тоҷикистон» пагоҳ, 5 июн оғоз мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори марказ Хайриддин Зайниддинов хабар дод, аз байни филмхои зиёд 10 филми бехтарин аз қабили «Капитан Врунгель», «Тимур ва командаи ӯ», «Қуҳои ваҳшӣ» ва ғайра интихоб шуданд. Филмҳо ҳар рӯз аз 1 то 3 бор пешкаши бачагони боғчаҳои ноҳияи Фирдавсӣ мегарданд. Ҳамчунин, Х. Зайниддинов афзуд, ки аз 10 июн сар карда, толорҳои сайёри кино ба истироҳатгоҳҳои тобистона фиристода хоҳанд шуд. Дар онҷо низ барои бачагон филмҳои ҷолиби диққат ва шавқовар намоиш дода мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






