НАМОЯНДАГОНИ ҶТ ИНТИХОБОТИ КИШВАРИ ҲАМСОЯРО МУШОҲИДА МЕНАМОЯНД

Июнь 9, 2009 14:39

                  Душанбе, 9 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ дар интихоботи президентӣ дар Қирғизистон, ки 23 июл баргузор мешавад иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод.                  Намояндагони Тоҷикистон, ки аксаран аз вилояти Суғд мебошанд ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистон, хусусан қитъаю ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳои вилояти Боткентро мушоҳида менамоянд.                 Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Қирғизистон 7 номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шудааст, ки яке аз онҳо Президенти кунунии ин кишвар Қурмонбек Боқиев аст.

Июнь 9, 2009 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад