НАРХҲО ЧАРО БОЛО МЕРАВАНД?
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мутахассисон сабаби боло рафтани нархро аниқ мекунанд,-иброз доштанд дар Вазорати рушди иқтисод ва cавдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар давоми ду ҳафтаи охир нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, қанд, шакар, равған, сӯзишворӣ 15-20 фоиз боло рафт, ки ин натанҳо боиси нигаронии аҳолӣ , балки кормандон ва мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ гардид. Бо мақсади аниқ кардани сабабҳои боло рафтани нарх аз ҷониби Раёсати сиёсати зиддимонополии Вазорати Рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи махсуси корӣ ташкил ёфт. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, болоравии нарх таъсири худро ба бозорҳо расонд. Соҳибкорон ва тоҷирон нархи орду қанд, равғану биринҷ ва сӯзишвориро худсарона баланд бардоштанд. Нархи як халта орд як ҳафта пеш 90 сомонӣ қиммат дошт ва он имрӯз дар бозор бо нархи 105 -110 сомонӣ ба савдо бароварда мешавад. Нархи шакар 0, 50 дирам, равған 2 сомонӣ, сабзӣ-0,30, картошка -0,20 дирам боло рафт. Гуруҳи кории Раёсати сиёсати зиддимонополии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамаи бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат сабаби боло рафтани нархро меомӯзад ва ба он баҳо медиҳад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






