ОЛТИН-ТОПКАН «ЗАРНИСОР» НОМГУЗОРӢ ШУД
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Олтин-топкани шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи расмии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмаро пахш намуда, навбати аввали ин корхонаи азими саноати кӯҳиро ба кор даровард. Чунонки маълум шуд, иқтидори навбати аввали корхона ба коркарди 300 ҳазор тонна маъдани сурбу рӯҳ дар як сол баробар аст. То имрӯз барои бунёду таҷҳизи ин корхона беш аз 180 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, беш аз 200 адад таҷҳизоту мошинолоти муосир ворид гаштааст. Айни ҳол дар ин корхона зиёда аз 450 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, ки 250 касаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. То моҳи ноябри соли равон корхона бояд бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд. Маблағи умумии сохтмону таҷҳизонидани корхона ба бештар аз 270 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд. Баъди бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан ин корхона дар як сол то 1 млн. тонна маъданро коркард хоҳад намуд ва барои қариб 3000 нафар ҷойҳои корӣ омода мегарданд. Аз ин шумора беш аз 2100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар назди ин корхона бояд ҳамчунин фабрикаи ғанигардонӣ ва корхонаи металлургӣ бунёд ёбад, ки дар натиҷа зиёда боз садхо нафари дигар бо ҷои доимии корӣ таъмин шуда, инчунин инфраструктураи роҳҳо, хатҳои барқ ва як қатор иншооту биноҳои хизматрасонӣ мавриди таҷдиду барқарорсозӣ қарор хоҳанд гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳозирини ҷамъомади тантанавӣ ва ҳамаи мардуми кишварро бо арафаи солгарди 12 — уми рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бо ифтитоҳи ин корхонаи азим табрику таҳният гуфта, ба кор шурӯъ намудани онро нишонаи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат маънидод кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки Олтин-топкан бо калимаи зебову шевои Зарнисор номгузорӣ шавад. Дар назди ҷамъомадагон ҳамчунин муовини ҳокими ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Нурлан Абдуматин ва Президенти «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин»Хуан Зан Жун суханронӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар соҳаи саноати кӯҳӣ умедбахш маънидод карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






