ОЛТИН-ТОПКАН «ЗАРНИСОР» НОМГУЗОРӢ ШУД

Июнь 26, 2009 09:25

                       Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Олтин-топкани шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи расмии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» иштирок намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмаро пахш намуда, навбати аввали ин корхонаи азими саноати кӯҳиро ба кор даровард.                         Чунонки маълум шуд, иқтидори навбати аввали корхона ба коркарди 300 ҳазор тонна маъдани сурбу рӯҳ дар як сол баробар аст. То имрӯз барои бунёду таҷҳизи ин корхона беш аз 180 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, беш аз 200 адад таҷҳизоту мошинолоти муосир ворид гаштааст.                          Айни ҳол дар ин корхона зиёда аз 450 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд, ки 250 касаш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. То моҳи ноябри соли равон корхона бояд бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд. Маблағи умумии сохтмону таҷҳизонидани корхона ба бештар аз 270 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд. Баъди бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан ин корхона дар як сол то 1 млн. тонна маъданро коркард хоҳад намуд ва барои қариб 3000 нафар ҷойҳои корӣ омода мегарданд. Аз ин шумора беш аз 2100 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.                          Дар назди ин корхона бояд ҳамчунин фабрикаи ғанигардонӣ ва корхонаи металлургӣ бунёд ёбад, ки дар натиҷа зиёда боз садхо нафари дигар бо ҷои доимии корӣ таъмин шуда, инчунин инфраструктураи роҳҳо, хатҳои барқ ва як қатор иншооту биноҳои хизматрасонӣ мавриди таҷдиду барқарорсозӣ қарор хоҳанд гирифт.                          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳозирини ҷамъомади тантанавӣ ва ҳамаи мардуми кишварро бо арафаи солгарди 12 — уми рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бо ифтитоҳи ин корхонаи азим табрику таҳният гуфта, ба кор шурӯъ намудани онро нишонаи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат маънидод кард.                          Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки Олтин-топкан бо калимаи зебову шевои Зарнисор номгузорӣ шавад.                           Дар назди ҷамъомадагон ҳамчунин муовини ҳокими ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Нурлан Абдуматин ва Президенти «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин»Хуан Зан Жун суханронӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чинро дар соҳаи саноати кӯҳӣ умедбахш маънидод карданд.                          Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 26, 2009 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад