«ОРИЁНБОНК» — БАРАНДАИ ОЗМУНИ «WESTERN UNION»
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде абл май дар меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel»-и Душанбе маросими мукофотонидани ғолибони озмуни барномаи «Top Country Teams — Тимҳои беҳтарини ҷумҳурӣ-2008» баргузор гардид. Ин озмун аз рӯи натиҷаҳои соли сипаригаштаи соли 2008 миёни 40 нуқтаи хизматрасонии интиқоли маблағҳои байналхалқии низоми «Western Union», ки ба бонкҳои гуногуни ваколатдори Тоҷикистон дахлдоранд, ташкил карда шуда буд. Аз рӯи натиҷаҳои ин озмун «Нуқтаи беҳтарин аз рӯи рушди ҳаҷми интиқол» — нуқтаи хизматрасонии интиқоли маблағҳои байналхалқии низоми «Western Union»-и ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Ваҳдат ғолиб дониста шуда, бо грамотаи фахрӣ ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуд. Баҳодиҳии фаъолияти ҳар як нуқтаи хизматрасоние, ки дар озмун иштирок дошт, аз ҷониби аудиторони мустақил, бо роҳи гузаронидани «ташрифҳои махфӣ» ва амалӣ гардонидани «зангҳои махфӣ» ба нуқтаи муайяни хизматрасонии интиқоли маблағҳо роҳандозӣ шуда, дар рафти баҳодиҳӣ, сатҳи баланди касбии операторон, накӯкории онҳо, инчунин шароитҳои мусоиде, ки барои мизоҷони аз хизматрасонии интиқоли маблағҳои байналхалқӣ аз рӯи низоми «Western Union» истифодакунанда фароҳам оварда шудааст, ба инобат гирифта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






