ОРИЁНФАР: «ПАЙВАСТШАВИИ ХАТИ МУОСИРИ АЛОҚА МУЖДАИ НЕК АСТ»
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Конфронси фосилавии видеоӣ бо иштироки Сарони ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, ки бо пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии тариқи хатти нурию нахӣ 3 июн баргузор шуд, дар тақвияти муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар саҳифаи нави муносибатҳоро боз кард», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ». О. Шамсулҳақ афзуд, ки пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионӣ байни ду давлати дӯсту ҳамсоя аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва аз ҳама беш ба наздик гардидани мардумони ҳар ду давлат мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки оғози муборак бахшидан ва фотеҳа додани Сарони давлатҳо ба пайвастшавии ин хати муосири алоқа байни Тоҷикистону Афғонистон, башорати некест аз дурнамои тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамзабон.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






