ОЁ МУТАХАССИС БО 150 СОМОНӢ КОР КАРДАН МЕХОҲАД?
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти котиби матбуотии Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон Ноилшо Нуралиев, соли хониши 2008- 2009 баъди хатми донишгоҳҳо 4705 нафар мутахассисони ҷавон ба соҳаи маориф ба кор фиристода шуданд. Аз кадрҳои ҷавони тибқи роҳхат ба кор равон кардашуда, ҳамагӣ 3158 нафар ба ҷои таъиншуда ҳозир шудааст. Ба андешаи коршиносон сабаби ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон кам будани маош мебошад. Мутахассиси ҷавон дар мактаб барои як ставкаи корӣ ҳамагӣ 150 сомонӣ маош мегирад, ки ин дар шароити феълӣ барои таъмини рӯзгор кифоя нест. Аз дигар тараф, ба мутахассисони ҷавон имтиёзҳои аз моҳи маи соли 2006 пешбинишуда, аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ дода намешаванд. Ин аст, ки мутахассисон ба касби интихобкардаашон дилгарм нестанд ва ба ҷои таъиншуда ба кор намераванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






