ПАНҶ ДОНИШҶЎИ ТОҶИК ДАР МАҲБАС НИГОҲ ДОШТА МЕШАВАД
Қоҳира, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар пойтахти Миср-шаҳри Қоҳира 5 донишҷӯи тоҷик то имрӯз дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо Шавкат Рамазонов, Хуршед Эрматов, Фаридун Гулов, Идибек Зиёвиддин ва Аъламшо Шарифов мебошанд. 11 донишҷӯи дигари тоҷик аз маҳбас ҷавоб дода шуданд. Донишҷӯёни озодшуда бо кормандони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср мулоқот карданд. Қайд карда мешавад, ки донишҷӯён аз кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Қоҳира ягон шикоят надоранд. Бояд гуфт, ки қисми зиёди донишҷӯёни тоҷик мустақилона барои таҳсил ба Қоҳира рафтаанд. Кормандони сафоратхона дар масъалаи озод кардани донишҷӯён бо мақомоти дахлдори Қоҳира гуфтушунидро давом медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки мақомоти амниятии Миср шаби 27 май дар маҳалли истиқомати донишҷӯёни Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистон ва Русия, инчунин баъзе мамлакатҳои Аврупо амалиёти махсус гузаронида, шумораи зиёди донишҷӯёнро дастгир карда буданд. Дар байни дастгиршудагон 14 донишҷӯи тоҷик низ ҳаст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






