ПЕШНИҲОДИ ВАЗИР ПАЗИРУФТА ШУД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар рӯзи охирини кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Димишқ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ пешниҳод намуд, ки соли 2010 иҷлосияи навбатии Шӯро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор карда шавад. Ин таклиф аз ҷониби Созмони Конфронси исломӣ хуб пазируфта шуд. Айни замон 57 давлати дунё бо 1,2 миллиард аҳолӣ аъзои ин созмони мӯътабар мебошанд. Боиси ёдоварӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои ин созмон мебошад. Соли 2010 37-умин иҷлосияи ин созмон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






