ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БО САРВАЗИРИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ МУЛОҚОТ НАМУД
31-уми майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд. Масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Брюсел, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд, зоҳир гардид. Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби барномаҳои ҳамкорӣ бо сохторҳои аврупоӣ ва ҳам мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Таъкид гардид, ки дар барқарорсозии суботи сиёсӣ ва иқтисодиёти Афғонистон аз имкону захираҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо ин кишвари азиятдида сарҳади тӯлонӣ дорад, бояд васеъ истифода карда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки монеаҳои сунъии дар Осиёи Марказӣ мавҷудбуда бояд баҳри таъмини мубодилаи озоди иттилоот, молу хизматрасонӣ ва ҳаракати одамон бартараф карда шаванд. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва дигар нақшаю барномаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ аз воситаҳои муҳими расидан ба ин ҳадафҳо маънидод гардид. Нақшаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионӣ бо назардошти судмандиашон барои тамоми кишварҳои минтақа дорои аҳамияти ҳаётӣ номида шуданд.Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






