ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА НОҲИЯИ БОХТАР ОМАД
Бохтар , 9 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафар ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар омад. Ў дар ин ҷо бо фаъолияти хоҷагии сабзавоткории деҳаи Ғайрати ҷамоати Заргар шинос шуд. Хоҷагии мазкур 6 ҳазору 150 гектар замин дорад, ки 4476 гектари он замини обёришаванда аст. Дар ин ҷо дар масоҳати 196 гектар дар зери пардаи полиэтиленӣ навъҳои гуногуни сабзавоти барвақтӣ парвариш карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои хоҷагӣ то 1 июн 844 тонна помидор, 1271 тонна бодиринг, 26 тонна гулкарам ва 38 тонна карам ҷамъ оварданд. Дар деҳаи Ғайрат айни ҳол 176 гармхона мавҷуд аст, ки масоҳати он 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин гармхонаҳо 451 нафар кор мекунад. Аз хоҷагии мазкур ҳар рӯз ба муассисаҳои савдо ва бозор 10-15 тонна сабзавот фиристода мешавад. Сарвари давлат бо сокинони деҳоти ҷамоат мулоқот карда, зарурати ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарвариро таъкид намуд. Тарҷумон Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






