ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ИФТИХОРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Тошканд таҳти васояти Федератсияи самбои мамлакатҳои Осиё анҷумани муассисони Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни анҷуман Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси ифтихории федератсияи мазкур интихоб намуданд. Дар муроҷиатномаи ба унвони Президенти Тоҷикистон фиристодаи иштирокчиёни анҷуман ба саҳми калони ӯ дар рушди соҳаи варзиш баҳои баланд дода мешавад. Дар муроҷиатнома изҳори умед карда шудааст, ки бо дастгирии сарвари давлат варзиши самбо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми мамлакатҳои Осиё боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт. Анҷуман таҳти раёсати раиси Федаратсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов гузашт. Дар он намояндагони 5 мамлакати Осиёи Марказӣ, мушоҳидон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. Намояндагони Тоҷикистон Маҳмуди Абдулло, Туркманистон- Ато Адоев, Қирғизистон — Нурлан Туқунаев, Қазоқистон- Асилбек Қулмагамбетов муовинони раис ва Ўзбекистон-Ҷалолиддин Ойхоҷаев муншии умумии федератсия интихоб гардиданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






