ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ СУҒД НОЗИРИ АНДОЗРО БА ҲАБС ГИРИФТ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нозири калони назорати андози ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба ҳабс гирифтанд. Нозири андози ноҳияи Ҷаббор Расулов Қаҳрамон Иброҳимов, барои қабули ҳисоботи фаъолияти соҳибкорӣ аз шаҳрванд Абдуваҳҳоб Тоҷибоев дар ҳаҷми 1000 сомонию 100 доллари амрикоӣ талаб намудани пора дастгир шуд. Шаҳрванд Абдуваҳҳоб Тоҷибоев дар бораи талаби пора нисбати нозири калони назорати андоз Қаҳрамон Иброҳимов ба шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Суғд бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд. Сипас, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ порагир — нозири андози ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир карда шуд. Оид ба амали ин ҳодиса прокуратураи вилояти Суғд тафтишот мебарад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






