ПРОКУРОРИ НАВИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Бо фармони прокурори генералии ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов прокурори шаҳри Ваҳдат таъин шуд. Ў дар ин вазифа Карим Давлатовро иваз намуд. Мувофиқи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», прокурор ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад. Прокурори пешинаи шаҳри Ваҳдат Карим Давлатов айни ҳол дар ихтиёри раёсати кадрҳои прокуратураи генералӣ қарор дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Қ. Муҳаббатов- мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3-юм буда, қабл аз ин дар вазифаҳои прокурори нақлиёти ҷумҳурӣ, прокурори вилояти Суғд ва прокурори шаҳри Душанбе кор кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






