РАҲИМОВ ВАКОЛАТРО БА ВАТАНОВ ДОД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов пеш аз мӯҳлат қатъ гардид. Дар ин хусус, 10 июн дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Ҳамзамон, Маҳмад Раҳимов аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд. Инчунин, бо қарори дигари палатаи поёнии парлумони мамлакат ваколатҳои намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Маҳмадалӣ Ватанов намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Бояд тазаккур дод, ки Маҳмад Раҳимов 4 июни соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӣ Эмомалӣ Раҳмон Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






