САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ВМКБ

Июнь 8, 2009 16:45

                 Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 7 июн дар 559 км шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ронандаи автомашинаи тамғаи «Нисан-Тирана» Комил Раҳматов бо суръати баланд ҳаракат карда, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аз баландии 21 метр ба дарёи Панҷ афтидааст. Дар натиҷа мусофирони автомашина Ш. Солиҷонова, Ш. Солиҷоноваи 6 сола, Н. Қудратбеки яксола ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чин (сину сол ва шахсияташ маълум карда мешавад) ба об афтида ғарқ шудаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон идома дорад.                Тавре аз аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандаи автомашина, инчунин мусофирон Д. Абдулгурезов ва В. Айдарбегов бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳиявии Рӯшон бурда шуданд.  

Июнь 8, 2009 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад