САФИР ШИРКАТҲОРО ДИЛПУР СОХТ

Июнь 10, 2009 10:45

                   Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия Юрий Попов натиҷаи кори яксолаи ширкатҳои Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Сафир аз натиҷаи кори 7 ширкати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолиятдошта изҳори қаноатмандӣ намуд.                  Бори аввал аст, ки сафир бо иштироки пурраи намояндагони ширкатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта ҷаласаи корӣ доир кард.                 Сафир иброз дошт, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ширкати калонтарини Федератсия дар соҳаҳои гуногуни саноат маблағгузорӣ мекунанд.                 Гардиши мол дар соли 2008 миёни Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ба 1,2 миллиард доллар расид.                 Тибқи ҳисобҳои пешакӣ гардиши мол дар соли 2009 миёни ин ду давлат 930 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Дар соли ҷорӣ кӯмакҳои башардӯстонаи Россия ба Тоҷикистон бештар мегардад.                Сафир тоҷирони Россияро дилпур сохт, ки ба тарзи доимӣ самаранокии манфиатҳои онҳоро дар Тоҷикистон ҳимоя хоҳад кард.

Июнь 10, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид