САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН КАРД
Душанбе, 5 июня. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Дирӯз гӯруҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шинос шуданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ бар асари офатҳои таббиӣ дар ноҳияи Хуросон 232 хонаи истиқоматӣ зарар дидаанд, ки аз онҳо 110 манзил ба пуррагӣ ва 122 хона қисман хароб гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида 61 гектар замин ҷудо карда, қариб дар ҳама қитъаҳои замин айни замон аз ҷониби ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Илова бар ин, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хонаҳо 1800 тонна семент ҷудо гардида, ба зарардидагон 30 тонна орд, 3 тонна шакар, 3 тонна биринҷ ва 3 тонна равған расонида шудааст. Дар интиҳои боздид ва шиносоӣ бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Хуросон дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ситоди корӣ баргузор гардида, дар рафти он ҳисоботи шахсони масъул оид ба ҷараёни корҳои барқарорсозӣ шунида шуд. Бо натиҷагирӣ аз ҷараёни корҳо роҳбарони вазорату идораҳо ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон муваззаф гардиданд, ки корҳои бартарафсозии оқибати офатҳои табииро тезонида, барои фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ ба зарардидагон тадбирҳои бетаъхир андешанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






