СЕМИНАР ОИД БА «ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛА»
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 3 июн бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалии IPPF, TFPA (Алянси банақшагирии оила дар Тоҷикистон) семинар-машварати банақшагирии дурнамо оид ба адвокатсия дар мавзӯи «Вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, дар кори семинар мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, тандурустӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Нуриддинова, муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар семинар-машварат ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола» ва корҳои то имрӯз баанҷомрасида дар ин самт баррасӣ гардиданд. Ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва беҳсозии ҳифзи модарон мебошад. Таъкид гардид, ки сатҳи фавти навзодон ва модарон ҳанӯз баланд буда, яке аз масъалаҳои ҳалталаби Вазорати тандурустӣ ва шарикони он мебошад. Аз ин рӯ дар ин ҷода якчанд шарикони байналмилалӣ ба монанди Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), СУТ (ВОЗ), UNFPA ва GTZ ба кишвари мо кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин дар он масъалаҳо оиди ҳуқуқҳо ва саломатии репродуктивӣ ва амалигардонии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои глобалии башарият СММ барномаеро таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» қабул намуд. «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» барнома оиди мубориза зидди фақр ва умуман боло бурдани сатҳи зиндагӣ буда, дар маҷмӯъ 8 ҳадаф дорад. Барои ҳар як ҳадаф вазифаҳои алоҳида ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ муайян гардидааст, дар асоси онҳо оид ба дараҷаи дастовардҳои барнома хулосабарорӣ карда мешавад. Барнома соли 2000-ум аз тарафи 147 сарвари давлат ва 189 намояндаи кишварҳои дунё қабул гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






