ШӮЪБАИ НАВ ДАР БЕМОРХОНАИ МАЧИТОН

Июнь 12, 2009 14:59

              Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил воқеъ дар шаҳраки «Шифо»-и ноҳияи Ваҳдат шӯъбаи нави табобати мултирезистентӣ (намуди ба дорувори зиддисилӣ мутобиқгаштаи сил) расман ба кор оғоз мекунад.                Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки барои кушода шудани ин шӯъба ҳам аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи маблағгузорон саҳмгузорӣ шудааст. Бонки рушди Олмон барои ин 1,5 миллион евро ва Хазинаи глобалии СММ 250 000 доллари амрикоӣ ҷудо намуданд.               Шӯъба дорои 80 кат буда, дар он бемороне бистарӣ карда мешаванд, ки гирифтори намуди сили ба доруворӣ мутобиқ мебошанд. Табобат дар он аз 6 моҳ то 1 сол давом намуда, ду давраро дар бар мегирад.  

Июнь 12, 2009 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад