ШАҲРВАНДОН АЗ СУПОРИДАНИ БОҶИ ДАВЛАТӢ ОЗОД МЕШАВАНД?

Июнь 10, 2009 15:17

                   Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандоне, ки ба суд муроҷиат мекунанд аз супоридани боҷи давлатӣ озод карда мешаванд ё андозаи боҷи давлатӣ кам карда шуда ва ё супоридани онро ба таъхир мегузоранд. Суд метавонад чунин салоҳиятро бо назардошти вазъи пасти молиявию иқтисодии шаҳрвандоне, ки ба суд муроҷиат менамоянд, дошта бошад. Ин масъала 10 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, бо раъйи 52 нафар вакил қабул гардид.Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон Хадича Ҳакимова зимни шарҳи қонуни мазкур гуфт, ки лоиҳаи ин қонун бо мақсади амалӣ намудани Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва мутобиқ гардонидани он ба меърҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Тибқи он ба 17 моддаи қонуни мазкур тағийру иловаҳо ворид карда шуд.                  Ҳамзамон, Раиси тозаинтихобшудаи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудов ин масъаалро муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба тағйироти куллӣ ниёз дорад ва ислоҳоти Суди конститутсионӣ яке аз самтҳои асосии Барномаи ислоҳоти Судӣ дар кишвар аст.

Июнь 10, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад