СИЁСАТИ «ДАРҲОИ КУШОД» СИЁСАТИ ДУРУСТ АСТ

Июнь 8, 2009 11:43

                 Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сиёсати «Дарҳои боз» барои Тоҷикистон сиёсати саривақтӣ ва зарурӣ аст,- иброз дошт сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назрӣ. Бартарии ин сиёсат дар он аст, ки Тоҷикистон метавонад, бо чандин кишварҳо, ки дар ин ё он арса аҳд ва манофеи муштарак доранд, ҳамкорӣ намояд.                 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо 119 давлати ҷаҳон дар асоси муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.                  Тибқи сиёсати дарҳои боз далеле дар бораи маҳдуд кардани ин ё он кишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон вуҷуд надорад.                  Ҳамроҳ шудани кишварҳои нав дар ҳамкориҳои Тоҷикистон як амри табиист ва инро танҳо манофеи миллии мо муайян мекунад на чизи дигару на каси дигар.                  Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст, ки ин аз рушди дипломатияи Тоҷикистон далолат мекунад.

Июнь 8, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид