СММ БА ТОҶИКИСТОН КЎМАК МЕРАСОНАД

Июнь 3, 2009 16:27

                    Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»- Ин.орг).-Раёсати СММ дар масъалаи ҳамоҳанг сохтани кӯмакҳои хайрия дар бораи вазъияти мураккаби бар асари боронҳои шадид дар Тоҷикистон ба амал омада ба мамлакатҳои мададгор хабар дод. Дар хабари СММ гуфта мешавад, ки боронҳои шадиди тӯлонӣ ба сокинони 40 ноҳияи мамлакат зарари калони иқтисодӣ расонданд.                   Дар натиҷа қариб 12 ҳазор нафар сокини Тоҷикистон мӯҳтоҷи кӯмакҳои башардӯстонаи таъҷилӣ мебошад. Аз ҷумла қариб 3 ҳазор сокини истиқоматгоҳҳои муваққатӣ ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷи калон доранд.                   Дар робита мамлакатҳои мададгор даъват карда мешаванд, ки ба Тоҷикистон ба маблағи 1,3 миллион доллари ИМА кӯмак расонанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки СММ аллакай бо ин мақсад ба Тоҷикистон барои харидани хайма, сӯзишворӣ ва об ба маблағи 120 ҳазор доллар кӯмак расонд.  

Июнь 3, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид