СОҲАҲОИ ҒАЙРИИСТЕҲСОЛӢ ҚАРЗДОР МЕШАВАНД

Июнь 9, 2009 12:02

                    Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),-Бино ба иттилои масъулони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ — соҳаҳои хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонии маишӣ миқдори қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ба 723,6 ҳазор сомонӣ, мақомоти идоравӣ 102,2, маориф 442,7 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.                  Дар корхонаҳои сектори хусусӣ қарздорӣ аз рӯи пардохти музди меҳнат дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ 8,2 ҳазор сомониро ташкил дод.                  Қарзи аз ҳама баланди музди меҳнат дар вилояти Хатлон ҷой дошта он ба 9590,9 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 5417,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.                  Бо назардошти қарзҳои соли гузашта ин намуди қарз дар ВМКБ 110,1 ҳазор сомонӣ, Душанбе 482,5 ва НТҶ 7575,4 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Июнь 9, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар