СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ БУНИ ҲИСОРАК СОҲИБИ ХОНА ШУДАНД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Субҳи имрӯз дар Душанбе маросими ботантанаи ба истифода додани бинои калони истиқоматии нӯҳошёна дар хиёбони ба номи Ҳ. Шерозӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Бинои нав аз 6 иморат иборат буда, 336 хона дорад. Барои сохтмони 3 иморати он аз ҳисоби буҷети шаҳр зиёда аз 8 миллион сомонӣ сарф шуд. 3 иморати дигар аз ҳисоби маблағи соҳибкорони ватанӣ сохта шуд. Ин хонаҳо ба сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак дода мешаванд. Бинои навро коргарони ширкатҳои сохтмонии «Пойтахт», «ЖБК-1» ва «Строитель-К» сохтанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






