СОЗИШНОМА ИМЗО ШУД
Маскав, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 14 июн дар Маскав мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Сарони ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон, ба истиснои Белорусия ва Ўзбекистон созишномаро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ имзо намуданд. Президенти Русия Дмитрий Медведев дар фарҷоми маросими имзои созишнома ба хабарнигорон гуфт, ки Белорусия ва Ўзбекистон созишномаи ташкили қувваҳои дастаҷамъиро дертар имзо карда метавонанд. Президенти Русия афзуд, ки созишномаи мазкур масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмонро дар бораи таъмини амният ба танзим медарорад. Ҳайати Белорусия дар маҷлиси навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон ширкат наварзид. Дар фарҷоми мулоқот инчунин изҳороти сарони давлатҳои аъзои созмон, нақшаи тадбирҳои бунёди низоми дастаҷамъии мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра ба имзо расиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон рӯзҳои 15 ва 16 июн дар шаҳри Екатеринбург дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад. Тарҷумон Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






