СОЗИШНОМАИ БАЙНИҲУКУМАТӢ ДАР БОРАИ ШАБАКАИ РОҲҲОИ ОҲАНИ ОСИЁИ ЭЪТИБОР
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Аз дафтари матбуоти Созмони Миллали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки созишномаи байниҳукуматии бахшида ба шабакаи роҳҳои оҳани мамлакатҳои Осиё пагоҳ, 11 июн эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Дар он меъёрҳои истифодаи шабакаи роҳҳои оҳан муқаррар карда, 4 шабакаи роҳи оҳани дорои аҳамияти байналхалқӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳадафи созишнома бунёди шабакаи байналхалқии роҳҳои оҳани қитъаи Осиё дар масофаи 114 ҳазор километр мебошад, ки 28 мамлакати минтақаро ба ҳамдигар мепайвандад. Созишномаи мазкур моҳи ноябри соли 2006 дар шаҳри бандарии Бусони Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ имзо шуда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шабакаи роҳи оҳани шимолӣ Русия, Қазоқистон, Муғулистон, Чин ва нимҷазираи Куриё, шабакаи роҳи оҳани ҷанубӣ Таиланд ва вилояти ҷанубии Чин — Юнанро бо Туркия пайваста аз қаламрави Бангладеш, Филиппин, Сингапур, Таиланд ва Ветнам мегузарад. Шабакаи роҳи оҳани Шимол-Ҷануб мамлакатҳои шимоли Аврупоро бо халиҷи Форс мепайвандад. Ин роҳ аз қаламрави Русия, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегузарад. Созишнома баъди 90 рӯзи тасвиби он дар парлумони 8 давлат эътибори қонунӣ пайдо хоҳад кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






