ТАҶЛИЛИ 10-СОЛАГИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- 1 июн дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 10-солагии ташкили Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он кормандону роҳбарони Раёсати назорати маводи нашъадори вилоят, намояндагони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот, созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ширкат варзиданд. Дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва сухан кард. Вай зикр намуд, ки кормандони Раёсати назорати маводи нашъадори вилоят ҳамроҳи мақомоти дигари муҳофизи қонуну тартибот дар давоми 10 сол 3674 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро фош намуданд. Дар ин муддат зиёда аз 6,5 ҳазор тонна маводи нашъадор мусодира карда шуд. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаодори ҷумҳурӣ Бунафша Одинаева дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давоми даҳ соли гузашта маълумот дод. Дар фарҷоми ҷамъомад раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қ. Расулзода, прокурори вилоят Хайрулло Саидов, комиссари ҳарбии вилоят Аъзам Қосимов, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Абдуҷамил Сатторов ва шахсони дигар бо медалҳои идона мукофотонида шуданд. Муовини директори Агентии назорати маводи нашъадори Қирғизистон Шерғозӣ Мирзокаримов ҳозиронро ба муносибати ҷашни 10-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъадор табрик намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






